Беш аз 200 кг маводи нашъаовар мусодира шуд
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз оғози сол беш аз 200 кг маводи нашъаоварро аз муомилоти ғайриқонунӣ бароварданд.Мувофиқи маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайи шабонарӯзҳои гузашта дар ҷараёни амалиёти фаврӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ду нафар – сокини пойтахт ва ҷамоати Ҷангалобод, ҳамчунин сокини 40 солаи ҷамоати Зайнобод дастгир шуданд. Аз шахсони зикршуда беш аз 5 килограмм маводи нашъаовар, аз ҷумла 4 килограмму 550 грамм ҳашиш ва 498 грамм афюн мусодира гардид.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






