Бонги хатари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва МГ
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сабаби ба вуҷуд омадани вазъи хатарнок бар асари боришоти зиёди барф дар роҳҳои ҳаракати автомобилгарди ҷумҳурӣ дар самти Душанбе –Суғд, Душанбе – Хоруғ ва Душанбе – Рашт – Ҷиргатол огоҳии таъҷилӣ интишор намуд. Дар мавзеъҳои хатарноки роҳ навиштаҷоти «Эҳтиёт, тарма!», «Минтақаи осебдида» «Роҳи хатарнок» ба чашм мерасад. Беҳтар аст дар давоми рӯзҳои 22 – 25 –уми феврали соли ҷорӣ сафар ба вилоятҳои Суғду Бадахшон ва водии Рашт то бартараф шудани хавфи фаромадани тарма мавқуф гузошта шавад.Бо вуҷуди ба кор баровардани техникаи зиёд имконияти сари вақт тоза кардани барфу тарма дар роҳи Душанбе –Суғд, Душанбе –Бадахшон ва Душанбе – Рашт имконнопазир аст, зеро дар баъзе қитъаҳои роҳ баландии тарма ба 25 – 30 метр мерасад,- иброз доштанд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






