Боз 60 автомобил дар байни барфтӯда мондааст
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бар асари фуромадани тарма дар 71 километрии роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд як нафар ҳалок гардид. Мувофиқи хабари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, 21 феврал автомобили ронандаи 41 сола Нуралӣ Бобоев – сокини ноҳияи Ҷиликӯл, зери тарма монда ва дар натиҷаи ин ронандаи мошин ҳалок шуд. Назар ба маълумоти охирин, дар ҳоли ҳозир ҳамаи қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд сар аз километри 64 – ум барои ҳаракати нақлиёт баста шудаанд.Хадамоти роҳ ва гурӯҳи махсус корро барои тоза кардани барф давом медиҳанд. Мувофиқи маълумоти маркази обуҳавосанҷӣ, баланди барф дар ин ҷо 22 сантиметрро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






