Боз як гурӯҳи қочоқгарони маводи мухаддир дастгир шуд
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 6-уми январи соли 2012 тибқи нақшаи фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ як гурӯҳи қочоқчиёни маводи нашъадорро, ки ба он Ф.Умаров, Р.Ҳайитов, Ҳ. Маҳмадов, С.Исмоилов, Қ.Давлатов, Ҳ. Шарифов шомиланд, ҳангоми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон дастгир намуданд. Рафти тафтиш ва чораҳои фаврӣ муайян намуд, ки сокини ноҳияи Фархор Рустам Хайитов дар манзили истиқоматии яке аз хешовандонаш С. Исмоилов, вокеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ф. Муҳаммадиев, хонаи рақами 4, ҳуҷраи рақами 1 пинҳонгоҳи махсус дошта, воситаҳои нашъадорро дар он ҷо нигоҳ медоштааст. Зимни азназаргузаронӣ аз таҳхона борхалтаи варзишии рангаш кабуди дорои 37 адад зарфҳои пластикӣ дарёфт карда шуд, ки дар дохили онҳо 8 килою 708 грамм воситаи нашъадори навъи героин ва 33 кг воситаҳои нашъадори навъи афъюн нигоҳ дошта мешуданд.Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбат ба қочоқчиёни маводи нашъадор Сайвалӣ Исмоилов, Фаридун Умаров, Қобилҷон Давлатов, Баҳодур Шарифов ва Ҳайдаралӣ Мирзоалиев бо моддаи 200 қ.4 –и КҶ ҶТ ва нисбат ба Тоирхон Шеров бо моддаи 314 қ.1, 345 қ.3, ва 347 қ. 1 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад,- иттилоъ доданд дар Агентӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






