Боз як гузаргоҳи нави зеризаминӣ сохта мешавад

Февраль 16, 2012 11:34

Душанбе, 16 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе ҷиҳати сохтмони иншооти гузаргоҳи зеризаминии пиёдагардон дар кӯчаи Неъмат Қарабоев — назди бозори «Саховат» озмун эълон менамояд. Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе, маблағи умумии сохтмони иншооти мазкур 20 миллиону 175 ҳазор сомонӣ буда, он бояд дар мӯҳлати 10 моҳ мавриди истифода қарор дода шавад. Дар асоси лоиҳа масоҳати умумии иншооти гузаргоҳи зеризаминӣ 2266 мураббаъметр буда, дарозиаш 60, 07 м, паҳнӣ 12.80 м, баландӣ 3 м аст. Инчунин, иншоот дорои 10 адад зинапоя, 25 нуқтаи савдо, 2 нуқтаи хизматрасонии муҳандисӣ ва як нуқтаи нозири минтақавӣ мебошад. Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ» -и Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ лоиҳаро таҳия намуда, Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» фармоишгар мебошад. Довталабон имкон доранд дархостномаҳои худро то 25 феврали соли 2012 барои иштирок дар озмун ба суроғаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» ирсол намоянд.

Февраль 16, 2012 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард