Бозиҳои интихобии олимпӣ дар қитъаи Осиё
Душанбе, 22 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дирӯз дастаи мунтахаби олимпии Ӯзбекистон, ки дар марҳилаи сеюми бозихои интихобии олимпӣ ҳунарнамоӣ дорад, аз дастаи олимпии Ироқ бо ҳисоби 1 бар 2 мағлуб шуд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Ал-Арабӣ»-и шаҳри Давҳа барпо гардид. Агар футболбозони Ӯзбекистон ғолиб меомаданд, метавонистанд роҳхатро пеш аз мӯҳлат ба бозиҳои Олимпии Лондон соҳиб шаванд. Аммо акнун ин мақсад аз натиҷаи бозии байни дастаҳои Аморот ва Австралия, ки имрӯз барпо мегардад, вобастагии калон дорад. Ёдрас мешавем, ки дар қитъаи Осиё дар чор гурӯҳ ҳамоно мубориза барои роҳхатҳои олимпӣ идома дорад ва то анҷом 2 даври дигар боқӣ мондааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






