Бозиҳои охирини марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон дар Осиё
Душанбе, 28 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Рӯзи 29 –уми феврал дар қитъаи Осиё бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон, марҳилаи сеюм ба анҷом мерасанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “С” якҷоя бо дастаҳои Ҷопон, Ӯзбекистон, Куриёи Шимолӣ ҳунарнамоӣ мекард, дар бозии охирини худ бо дастаи мунтахаби Куриёи Шимолӣ пагоҳ соти 13 дар шаҳри Хуҷанд вориди майдон мешавад. Пешсафи ин гурӯҳ- Ӯзбекистон дар сафар меҳмони Ҷопон мешавад. Дар сурати ғалабаи футболбозони Ҷопон дар ин вохӯрӣ онҳо бо касби 13 имтиёз ва бо бартарии голҳои задаашон ба зинаи аввал мебароянд. Дар гурӯҳи “А” ҳам ғолиб дар вохӯрии охирин муайян мешавад. Дастаҳои мунтахаби Урдун ва Ироқ сохиби 12 имтиёзӣ буда, дар вохӯрии охирин Урдун дар сафар бо Чин ва Ироқ дар майдони худ бо Сингапур қувва месанҷанд. Вазъи бозиҳо дар гурӯҳи “Б” мисли гурӯҳи “А” аст. Дастаҳои мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ ва Лубнон бо 10 имтиёзӣ дар садри ҷадвал қарор доранд. Шоми 29 феврал Куриё бо Кувайт ва Лубнон дар сафар муқобили дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ба дидори ҳам мераванд. Мусовӣ дар ҳар ду вохӯрӣ ба нафъи футболбозони Куриёи Ҷанубӣ хоҳад буд. Дар гурӯҳи “Д” дастаи мунтахаби Австралия бо 12 хол пешсаф аст. Арабистони Саудӣ бо 6 имтиёз ӯро дунбол мекунад. Дастаҳои мунтахаби Австралия бо Арабистони Саудӣ ва Уммон бо Таиланд қувва меозмоянд. Ниҳоят дар гурӯҳи “Е” вохӯрии дастаҳои мунтахаби Эрон ва Қатар, ки дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и Теҳрон барпо мегардад, тақдирсоз хоҳад буд. Эрон бо 11 хол ва Қатар бо 9 хол дар садри ҷадвал қарор доранд. Дар ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Индонезия пагоҳ бо ҳам вомехӯранд. Ёдрас мешавем, ки дар силсилаи бозиҳои марҳилаи сеюм дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Сингапур ва Индонезия то ҳол ягон имтиёз ба даст наовардаанд.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






