Бунёди боғи нав
Суғд, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии «Ашӯрмат Қодиров»-и ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом зиёда аз 24 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунад. Дар ин хоҷагиҳо бунёди боғҳои нав ва парвариши ниҳолҳо ба роҳ монда шудааст.Дар хоҷагии деҳқонии «Соҳил» аз навъи зардолуи бобоӣ ва мирсанҷалӣ 6 гектар боғи нав бунёд намуданд, ки ҳама пайвандӣ мебошад.Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Ашӯрмат Қодиров» дар 20 сотих замин ниҳолҳои шафтолу, зардолу, бодом ва хурморо парвариш намудаанд, ки дар айни ҳол барои фурӯш тайёранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






