Чаро Аршавин ба Зенит” гузашт?

Февраль 28, 2012 11:49

Душанбе, 28 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Охири ҳафтаи гузашта ҳамлагари дастаи мунтахаби Русия ва “Арсенал”-и Англия Андрей Аршавин ба дастаи “Зенит” гузашт. Ӯ то анҷоми мавсими футболи соли 2011/2012 дар ҳайати ин даста ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ба иттилои рӯзномаи “Спорт-Экспресс”-и Русия Аршавин ҳафтаи охир аз ҳайати асосии “Арсенал” ба хайати дуввум гузаронида шуд ва ин сабаб гардид, ки Андрей дархости “Зенит”-ро қабул кунад. Аршавин худ ҳам гуфтааст: “Ман фаҳмидам, ки пешравӣ дар бозии ман дар “Арсенал” дида намешавад ва таклифи “Зенит” барои ман бамаврид буд”. Аршавин умед дорад, ки рӯзи 3-юми март дар бозӣ бо ССКА ба майдон хоҳад омад. Иҷораи Аршавин барои клуби футболи “Зенит” 1 млн фунт стерлинг (1.18 млн евро)-ро ташкил дод. Андрей дар ҳайати дастаи “Арсенал” аз соли 2009 ҳунарнамоӣ карда, ба дарвозаи ҳарифон 30 гол задааст.

Февраль 28, 2012 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад