Чемпиони Тоҷикистон ба Туркия меравад
Душанбе, 6 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, чемпиони соли гузаштаи мамлакат давраи омодагии худро дар шаҳри Анталияи Туркия доир хоҳад кард.Тавре ки сомонаи www. fc-istiklol.tj хабар медиҳад, имрӯзҳо даста омодагии худро дар шахри Душанбе оғоз кардааст ва ширкати он дар бозиҳои ҷоми Федератсия, чун тайёрӣ ба мавсими нав дар нақша тарҳрезӣ нашудааст. Даста марҳилаи омодагиро давоми ду ҳафта дар Туркия гузаронида, бо якчанд дастаҳои бурунмарзӣ бозиҳои дӯстона доир хоҳад кард. Аз ин рӯ “Истиқлол” дар аввалин мусобиқаи зимистонаи футболбозон барои ҷоми Федератсияи футбол ширкат намеварзад. Бозиҳо барои Ҷоми Федератсия рӯзи 12 феврал оғоз гардида, дар ду марҳила- минтақавӣ ва ниҳоӣ гузаронида мешаванд. Дар марказ дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ССКА “Помир”-и Душанбе, “Энергетик”-и Душанбе, “Шодмон”-и Ҳисор, “Гвардия”-и Душанбе ва “Локомотив”-и Душанбе дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и пойтахт бо ҳам рақобат хоҳанд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






