Дар ҷиноятҳои коррупсионӣ кӣ даст дорад?

Февраль 16, 2012 11:20

Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба саволи мухбири АМИТ «Ховар» вобаста ба иштирок дар ҷиноятҳои коррупсионӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов иброз намуд, ки мутаассифона, баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки худ масъули мубориза бо коррупсия мебошанд, ба содир кардани ҷиноятҳои коррупсионии вазнин ва махсусан вазнин даст доранд. Бо оғози соли 2012 6 нафар корманди ҳифзи ҳуқуқ бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дастгир шуданд. Дар давоми соли сипаришуда 57 ҷинояти коррупсионӣ аз ҷониби 43 нафар корманди Вазорати корҳои дохилӣ, 18 ҷиноят аз ҷониби 13 нафар корманди Вазорати адлия, 12 ҷиноят аз ҷониби 10 нафар корманди Кумитаи андоз, 14 ҷиноят аз ҷониби 13 нафар хизматчии Вазорати мудофиа, 12 ҷиноят аз ҷониби 9 нафар корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 9 ҷиноят аз ҷониби 5 нафар корманди мақомоти прокуратура, 6 ҷиноят аз ҷониби 3 нафар корманди мақомоти судӣ (Шӯрои адлия), 5 ҷиноят аз ҷониби 5 нафар кормандони Хадамоти гумрук, 2 ҷиноят аз ҷониби 3 нафар корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ ва 2 ҷиноят аз ҷониби 1 нафар корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор ва мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дода шуданд.  

Февраль 16, 2012 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд