Дар ҷумҳурӣ омади сел дар назар аст
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Аз 25 феврал то 2 март ҳавои водиҳо то 10 – 15 дараҷа ва ҷануби кишвар то 20 дараҷа гарм хоҳад шуд.Тавре аз Маркази ҳавосанҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 27 феврал ва 1 март дар водиҳо ва минтақаҳои кӯҳдоман борон шуда, дар кӯҳсор барф меборад. Мувофиқи маълумоти манбаъ, баландшавии ҳарорати ҳаво боиси обшавии босуръати барф мегардад. Дар ҳамаи кӯҳсори ҷумҳурӣ фуруди тарма дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон шояд сел ояд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






