Дар Душанбе Пушкинро ёд мекунанд

Февраль 9, 2012 10:26

Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 10 феврал дар Маркази илму фарҳанги русиягии Намояндагии ҳамкории Русия дар ҶТ ёдбуди 175 – солагии рӯзи вафоти шоири бузурги рус Александр Сергеевич Пушкин баргузор мегардад. Ин чорабинӣ таҳти унвони «Рӯзи хотираи А.С.Пушкин: Пушкин дунёи мост» роҳандозӣ мешавад. Дар чорабинӣ хонандагони мактабу литсейҳои пойтахт, гимназияи №2 шаҳри Турсунзода, намояндагони Маркази фарҳангию маърифатии вилояти Хатлон, ҳамчунин ғолибони озмуни чоруми ҳарсолаи пушкинхонон байни мактабиён Ситорабону Мусоева ва Станислав Маҳмудов иштирок мекунанд. Ба барномаи чорабинӣ композитсияҳои адабӣ бахшида ба саҳифаҳои ҳаёту эҷодиёти А.С. Пушкин дохил карда шудаанд.

Февраль 9, 2012 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад