Дар Хуҷанд кадрҳои тиббӣ намерасанд
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). -То имрӯз ба аҳолии вилояти Суғд 4 ҳазору 476 нафар табиб ва 12 ҳазору 733 нафар корманди миёнаи тиббӣ хизмат мерасонанд. Аз ҷумла, дар миқёси вилоят 8 нафар докторони илми тиб ва 37 нафар номзадҳои илми тиб фаъолият доранд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки аз ҷониби комиссияи санҷишии Раёсати тандурустии вилоят соли 2011 ба 529 нафар мутахассиси дорои маълумоти миёнаи тиббӣ дараҷаҳои гуногуни тахассусӣ дода шудааст. Дар вилоят нарасидани кадрҳои соҳаи беҳискунӣ ва наҷоти ҳаёт, рӯҳшиносӣ, рентгенологҳо, нарколокҳо, силшиносон ва табибони оилавӣ ба назар мерасад. Баҳри баланд бардоштани савияи дониши табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар маркази вилоят шӯъбаи хуҷандии Донишгоҳи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон фаъолият дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






