Дар Кӯлоб саноат рушд меёбад
Кӯлоб, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Дар шаҳри Қӯлоб фаъолияти корхонаҳои саноатӣ рушд ёфта, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум бештар мешавад. Ин раванд дар Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи комбинати «Шири Кӯлоб» ба чашм мерасад. Корхона 4 сехи истеҳсоли маҳсулоти зарурӣ таъсис додааст, ки ин барои бештар гардидани ҳаҷми маҳсулот ва даромади корхона мусоидат менамояд. Мақсад аз таъсиси ин сехҳо зиёд кардани маҳсулоти қаннодӣ, ширӣ, нон ва маҳсулоти нонӣ дар корхона буда, инчунин бо ҷойи кор таъмин кардани мутахассисон мебошад.Дар корхона дар як шабонарӯз аз 500 то 700 қуттӣ маҳсулоти ширӣ истеҳсол мешавад, ки онҳоро дар бозорҳои шаҳри Кӯлоб, Фархор, Данғара ва дигар ноҳияҳо ба фурӯш мебароранд. Масъулини корхона тасмим гирифтанд то иди Наврӯз сехҳои ҳасиббарорӣ ва истеҳсоли яхмосро ба роҳ монанд ва беш аз 30 нафари дигарро бо кори доимӣ таъмин намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






