Дар маҳалли «Сафина» бинои маъмурӣ месозанд

Февраль 7, 2012 15:23

Душанбе, 7 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Биноҳои Вазорати кишоварзӣ, «Кохи Ҷомӣ», Почтаи марказӣ ва телевизиони «Сафина» дар доираи баргузор намудани озмунилоиҳаҳои беҳтарин бинову иншооти марказии шаҳр тахриб карда мешаванд. Озмун бо ибтикори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гузаронида шуда, ҳадафи он ба сатҳи муосири меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷавобгӯ будани майдони марказии пойтахт ва бо ҳам мувофиқ кардани маҷмӯи биноҳои маъмурию идорӣ дар маркази Душанбе мебошад. Тибқи лоиҳаи нав дар ҷои «Кохи Ҷомӣ» бинои Вазорати фарҳанг, дар маҳалли бинои Почтаи марказӣ бинои Хадамоти алоқа, бинои маъмурии Кумитаи радио ва телевизион дар ҷои бинои феълии телевизиони «Сафина» бунёд карда шуда, бинои нави Вазорати кишоварзӣ дар маҳалли бинои ҳозираи вазорат сохта мешавад. Аз Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар озмун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Муаллифи беҳтарин лоиҳа ё ҷои аввалро 14 000 сомонӣ, ҷои дуюмро 4000 сомонӣ ва ғолиби зинаи сеюми озмунро 2000 сомонӣ интизор аст. Озмун охири моҳи марти соли 2012 ҷамъбаст мешавад. То кунун ба озмун як лоиҳа пешниҳод шудааст.

Февраль 7, 2012 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд