Дар Сайёд корхонаи коркарди ангишт бунёд мегардад

Февраль 14, 2012 11:16

Душанбе, 14 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ҷумҳурӣ то имрӯз беш аз 36 кони ангишт ошкор ва қисман мавриди омӯзиш қарор гирифтааст, мегӯяд сардори Раёсати саноати истихроҷи ангишт ва навъҳои алтернативии энергияи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Баҳриддин Абдураҳимов. Мавсуф афзуд, ки ангишт ҳамчун ашёи хоми дорои технологияи баланд метавонад вобастагии Тоҷикистонро аз воридоти газ ва маҳсулоти нафтӣ бартараф созад. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 230 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шудааст, ки нисбат ба соли 2010-ум 10 баробар зиёд мебошад. Намояндаи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ меафзояд, ки минбаъд дар ҷумҳурӣ сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 дар заминаи ашёи хоми кони ангишти Зиддӣ дар назар аст. Инчунин бо мақсади дастрас кардани сӯзишвории навъҳои моеъи сунъӣ ва газшакл дар заминаи кони ангишти Сайёд сохтмони корхонаи коркарди ангишт бо иқтидори 275 ҳазор тонна дар як сол пешбинӣ шудааст.

Февраль 14, 2012 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад