Дар «Сояи нигоҳ»-и Шоҳона
Душанбе, 27 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нашриёти «Адиб» маҷмӯаи шеърҳои шоираи ҷавону хушқалам Шоҳонаи Сулаймонро таҳти унвони «Сояи нигоҳ» аз чоп баровард. Шоҳона розу ниёз ва рӯзгори пур аз шебу фарози бонувони кӯҳистони тоҷикро ҷомаи шеър пӯшонида, дар маҷмӯа гирд овардааст. Шеърҳои шоираи ҷавон саршори ишқу муҳаббати поку беолоиш ва самимӣ буда, тахайюлоти ширин ва эҳсоси наҷиби Шоҳонаро дар худ таҷассум намудаанд. Қаблан Шоҳона ду китоби худро бо номҳои «Хаёли ситорачин» ва «Сад тарона» дар нашриёти «Адиб» ва Ҳумо» ба табъ расонида, пешкаши дӯстдорони каломи бадеъ гардонида буд. Шоҳона бо вуҷуди фаъолияти рӯзноманигорӣ дар ҷодаи каломи бадеъ низ қаламсанҷӣ намуда, муваффақ ҳам гардидааст. Муҳаббат ба диёру тасвири эҳсоси ҷаҳони ботинии ёр, ситоиши инсонҳои бошараф ва бозтоби муаммоҳои рӯзгор маҳаки асосии шеъру таронаҳои Шоҳонаро ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






