Дар Тоҷикистон клуби забони куриёӣ кушода мешавад
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев ва вакили муваққатии корҳои Сафорати Ҷумҳурии Куриё Ён Ҷон – Ку масъалаи дар Тоҷикистон ташкил намудани клуби омӯзиши забони куриёйиро муҳокима намуданд. Тавре аз маркази матбуоти хадамоти мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, С.Девонаев бо назардошти рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии байни Тоҷикистону Куриё пешниҳод намуд, ки клуби забони куриёӣ ташкил карда шавад.Дипломати Куриё ин ташаббусро дастгирӣ намуда, дар навбати худ итминон дод, ки сафорати кишвараш барои ташкили клуб ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки аз ин пеш дар назди Хадамоти муҳоҷират клуби забони англисӣ таъсис дода шуда буд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






