Дар Тоҷикистон таҳсил бо шаш забон аст
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои рӯзонаи таҳсилоти умумии Тоҷикистон таҳсил бо шаш забон амалӣ мегардад. Аз шумораи умумии хонандагон (1 млн. 702 ҳазору 200 нафар) 78 фоиз ба забони тоҷикӣ, 17 фоиз ба забони ӯзбекӣ, 2,9 фоиз ба забони русӣ, 0,7 фоиз ба забони қирғизӣ, 0,1 фоиз ба забони туркманӣ ва 0,05 фоиз ба дигар забонҳо таҳсил мекунанд.Дар соли таҳсили 2011- 2012 дар 53 литсейи давлатӣ 20,9 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Миқдори гимназияҳо ба 61 адад расидааст, ки дар онҳо 36,4 ҳазор нафар хонандагон таҳсил мекунанд ва аз ин шумора 13 ҳазор нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.Аз оғози соли таҳсили 2011- 2012 дар ҷумҳурӣ 49 муассисаи рӯзонаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ, аз ҷумла 7 литсей, 25 гимназия, 14 мактаби миёна, 1 мактаб – осоишгоҳ барои кӯдакони ятим ва 2 мактаб — кӯдакистон фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 19 ҳазор нафар хонандагон таҳсил мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






