Дастаҳои ғолиб муайян шуданд
Душанбе, 27 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Хайр”-и Ваҳдат, “Шодмон”-и Ҳисор ва ССКА “Помир”-и Душанбе аз гурӯҳи марказ ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Федератсияи футбол роҳхат гирифтанд. Дар минтақаи Хатлон ҳам мусобиқаҳо ба поён расиданд. Аз гурӯҳи “А” дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва аз гурӯҳи “Б” дастаи “Равшан”-и Кӯлоб соҳиби ҷойҳои аввал гардида, ҳуқуқи иштирокро дар вохӯриҳои финалӣ ба даст оварданд. Дар минтақаи Суғд бозиҳо идома дошта, баъди ҷамъбасти се даври мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан ва “Спитамен”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дар гурӯҳи “Б” дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд пешсафанд. Бозиҳо дар ин минтақа рӯзи 2-юми март ба охир мерасанд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футбол бо ширкати ҳашт дастаи беҳтарин дар ду гурӯҳ рӯзи 5-уми март дар шаҳри Душанбе оғоз хоҳад шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






