Дастаи мунтахаби Тоҷикистон: омодагӣ бо мураббии ҷадид

Февраль 14, 2012 14:41

Душанбе, 14 январ. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дастаи мунтахаби футболи мамлакат имрӯзҳо тайёрии худро ба бозии охирини гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон бо дастаи Куриёи Шимолӣ, ки рӯзи 29 феврал дар шаҳри Хуҷанд барпо мегардад, дар шаҳри Белеки Туркия идома медиҳад. Сармураббии ба тозагӣ интихобшудаи тими мо Камол Алиспахич бо футболбозон шинос шуда, дар якҷоягӣ бо Мубин Эргашев ва Аслиддин Ҳабибуллоев дар як рӯз ду маротиба ба онҳо машқ медиҳад. Алҳол дар ҳайати даста 21 нафар бозингар ба машқҳо фаро гирифта шудаанд. Нуриддин Давронов ҳамлагари клуби «Истиқлол»–и Душанбе ба даста рӯзи 16 феврал ҳамроҳ мешавад. Тавре ки сухангӯи ФФТ Фаридун Солиев хабар медиҳад, футболбозони тоҷик дар як меҳмонхона бо дастаҳои «Химки»-и Русия, «Андиҷон»-и Ӯзбекистон, инчунин дастаҳои футболи Молдова, Руминия ва Норвегия дар меҳмонхонаи «Аркадия Голф энд Спорт Резорт» маскан гирифтаанд. Гузаронидани ду бозии таҷрибавӣ ва дӯстона бо тимҳои ҳузурдошта дар назар аст.

Февраль 14, 2012 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд