Дастрасӣ ба бозорҳои минтақавии Иттиҳоди гумрукӣ
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Аз 6 то 9 феврал дар шаҳри Хуҷанд ду иҷлосияи иттилоотӣ бахшида ба масъалаҳои дастрасӣ ба бозорҳои минтақавии Иттиҳоди гумрукӣ (Русия,Қазоқистон ва Беларус) ва усулҳои интиқоли меваи хушк, чормағз ва асал баргузор мегардад. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин чорабиниро намояндагии Hilfswerk Austria International дар Тоҷикистон бо ҳамкории маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо мадади молиявии Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯбаи барномаи Осиёи Марказӣ — Инвест П, лоиҳаи «Муносибати ҳамгироёна ба рушди корхонаҳои хурду миёнаи Осиёи Марказӣ оид ба коркарди чормағз, меваи хушк ва асал» роҳандозӣ мекунад. Мақсад аз ин лоиҳа рушди ҳамаҷонибаи бахши коркарди маҳсулот дар Осиёи Марказӣ, таҳким бахшидани тиҷорати махсус тавассути корхонаҳои хурду миёна мебошад.Иҷлосияҳо таҳти раёсати коршиноси байналмилалӣ оид ба логистика ва савдои байналмилалӣ Олег Самухин доир мегарданд.Мақсад аз ин чорабинӣ афзун намудани нерӯи содиротии тавлидкунандагони корхонаҳои хурду миёнаи саноати хӯроквории Тоҷикистону Қирғизистон аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






