Даъват барои иштирок дар конфронси Душанбе
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Намояндаи доимии Тоҷикистон дар шӯъбаи женевагии Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои дигари байналмилалии воқеъ дар Женева Салоҳиддин Насриддинов бо Муншии умумии Конфронси СММ оид ба савдо ва тавсеа Супача Паничпакди мулоқот анҷом дод.Тавре дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, С.Насриддинов даъватномаи расмии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон дар мавриди иштирок дар конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистонро ба Муншии умумии Конфронси СММ супурд. Сипас ҷонибҳо барномаю рӯзномаи конфронси мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, перомуни мазмуну аҳамияти он табодули афкор намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






