Дифои 11 рисолаи докторию номзадӣ

Февраль 6, 2012 10:27

Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои саркотиби илмии АИКТ Давлатҷон Комилзода, дар аспирантураи Академия 99 нафар аспирант ( 64 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 35 нафар дар шӯъбаи ғоибона) ва дар докторантураи Академия 2 докторант таҳсил менамоянд. Аз ҷумлаи таҳсилгарон 21 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Инчунин 25 нафар унвонҷӯён ба тадқиқот доир ба рисолаҳои илмӣ машғуланд.Бояд ёдовар шуд, ки дар соли 2011 як рисолаи докторӣ ва 6 рисолаи номзадӣ дифо ва 21 рисолаи илмӣ барои ҳимоя омода карда шуд.Ҳоло дар назди пажӯҳишгоҳҳои соҳавии Академия 4 шӯрои ҳимоявӣ оид ба дифои рисолаҳои докторию номзадӣ вобаста ба тахассусҳои иқтисодиёт ва идора намудани хоҷагии халқ, хокшиносӣ ва агрокимиё, зироатпарварии умумӣ ва селексияю тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ ва микробиологияи ветеринарӣ (вирусология, эпизоотология, микология бо микотаксинология ва иммунология) фаъолият намуда, дар онҳо 11 рисолаи докторию номзадӣ дифо гардид, ки 6 – тои онро рисолаҳои номзадии олимони АИКТ ташкил дод.

Февраль 6, 2012 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд