Ду медали боксчиёни тоҷик
Душанбе, 2 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар шаҳри Бишкеки ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ доир ба бокс барои ҷоизаи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшенқул Шапоков ба анҷом расид. Дар он боксчиёни тоҷик дар қатори варзишгарони давлатҳои Русия, Қазоқистон, Чин, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳунарнамоӣ карда, ба гирифтани ду медали нуқра шарафёб гаштанд. Дар вазни 75 килограмм Собирҷон Назаров муваффақ шуд, ки бар муштзани қазоқ Майрам Пейрдишоев (5:0), қирғиз Исломҷон Далибоев(8:6) ва боксчии чинӣ Ершат Анвар бо бартарии комил ғалаба карда, ба вохӯрии финалӣ роҳ ёбад. Дар вохӯрии финалӣ дар рақобат бо боксчии қазоқ Абуязит Угурчиев боксчии мо лат бардошт ва аз давом додани мусобиқа бо дастури духтурон барканор шуд. Ӯ дар натиҷа соҳиби мақоми дуввум гардид. Меҳроҷиддин Каримов дар вазни аз 91 боло ҳунари зебо нишон дода, бар ҳарифони худ Дилшод Қайсар ( Чин,9:6) Уланбек Набиев (Қирғизистон, бартарии комил) ва Рустам Ригебав (Қазоқистон,8:6) ғалаба карда, дар финали бозиҳо аз Акбар Юсупов бо натиҷаи 5 бар 4 мағлуб шуд ва ӯ низ соҳиби медали нуқра гардид. Муштзанҳои дигари мо Ҳабиб Мародасейнов (52кг), Ораз Афзалшоев (60) ва Алиҷон Мирзоев(64), ки аз нахустин ҳарифон мағлуб шуданд, имконияти ба ҷойхои ифтихорӣ комёб шуданро аз даст доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






