Душанбегиҳо, об захира намоед!
Душанбе, 2 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади иваз намудани қубурҳои андозаашон 400 мм ба қубури 600 мм, дар кӯчаи Дӯстии халқҳо аз соати 8.00-и 7 феврал то соати 8.00-и 8 феврал дар кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, Беҳзод, М. Қурбонов, Репин, А. Адҳамов, А. Дониш ва маҳаллаи Бадахшон,1, 2 –и пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ қатъ карда мешавад. Дар робита ба ин аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикршуда хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев раисони ноҳияҳои И. Сомонӣ ва Шоҳмансур А. Қурбонов ва С.Бобоев, инчунин директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» — Ф. Исупов вазифадор шудаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои таъмирӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд. Ҳамзамон ба сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе З. Авғонов супориш дода шудааст, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи беҳдоштӣ таҳти назорат қарор диҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






