Е. Парфёнов озими Душанбе гардид
Душанбе, 13 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Евгений Парфёнов, раҳбари барномаҳои аврупоии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар /ФБҶ СС ҲА ба Душанбе омад. Ҳадафи сафари Е. Парфёнов ба Тоҷикистон шиносоӣ бо фаъолияти феълии ФБҶ СС ва ҲА, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва нақшаҳои корӣ барои соли 2012 мебошад. Дар ин хусус Aбдулфаттоҳ Шафиев, мушовир дар масоили тамос бо ҷомеаи ФБҶ СС ва ҲА /ҶҲАТ иттилоъ дод.Интизор меравад, ки Е. Парфёнов зимни сафараш бо роҳбарони мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои шомили Ҳаракати Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон вохӯрда, аз чанд лоиҳаи муштараки ҶҲАТ ва ФБҶ СС ва ҲА дар минтақаҳо ва аз хонаи пиронсолон дар шаҳри Ваҳдат дидан намояд. Бояд зикр кард, ки Е. Парфёнов фаъолияти худро соли 1979 дар раёсати муносибатҳои байналмилалии Иттиҳоди Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари ИҶШС оғоз кардааст. Ҳамчун масъули баландпояи ФБҶ СС ва ҲА таҷрибаи чандинсолаи фаъолият дар Ҳабашистон, Судон, Арманистон, Украина, Ироқ, Эрон ва дигар кишварҳо дошта, бо забонҳои русиву англисӣ ва фаронсавию арабӣ ҳарф мезанад. Сафари кории Е. Парфёнов дар Тоҷикистон ду рӯз идома меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






