Файзи канали калони Ҳисор
Ҳисор, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Имсол аз рӯзи ба кор оғоз кардани канали калони Ҳисор 70 сол сипарӣ мегардад. Дарозии канал 50 километр буда, аз дарёи Душанбе то дарёи Қаратоғро дар бар мегирад.Ин канал дар арафа ва солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз соли 1940 то 1942 аз ҷониби зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонону пирону занон бо белу замбару каланд канда шуда буд. Баъди ба кор оғоз кардани ин канал зиёда аз 35 ҳазор гектар замини водии Ҳисор ва вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо об таъмин шуданд.Солҳои охир тоза кардани канал аз лойқа, кандани баъзе дарахтони нодуруст шинондашуда ва тоза нигоҳ доштани оби он аз мушкилоти асосии мутахассисон ва кормандони идораи калони канали Ҳисор маҳсуб меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






