Фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ дар ҶТ
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ маросими супурдани шаҳодатномаҳо дар бораи сабти иттиҳодияҳои динӣ баргузор гардид.Дар маросим муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин Мавлон Мухторов гуфт, ки соли ҷорӣ 47 иттиҳодияи динӣ шаҳодатнома гирифта ва то имрӯз дар кишвар 3882 иттиҳодия фаъолият дорад. Ин далели он аст, ки принсипҳои демократӣ дар амал татбиқ гардида, ҳуқуқи шаҳрвандон риоя шуда ва барои аҳолии Тоҷикистон шароити зарурии ҳуқуқӣ фароҳам оварда мешавад.- Кумитаи оид ба корҳои дин ба қайдгирии иттиҳодияҳои диниро дар асоси қонуни ҶТ «Дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давом медиҳад, — қайд намуд Мавлон Мухторов.Ба иттиҳодияҳое, ки шаҳодатномаи сабти ном гирифтаанд, яктогӣ китобҳои Қуръони Маҷид тақдим шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






