Фаъолияти шӯъбаи махсуси назоратӣ

Февраль 29, 2012 09:27

Душанбе, 29 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҷиҳати назорати мунтазами фаъолияти «Маркази идораи лоиҳаҳои инвеститсионӣ» дар сохтори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия шӯъбаи махсус оид ба назорати маркази мазкур амал мекунад. Тибқи маълумоти раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, назорат ва санҷиши ҳарсолаи шӯъбаи махсуси Агентӣ камбудиву норасоиҳоро дар «Маркази идораи лоиҳаҳои инвеститсионӣ» нисбат ба солҳои пешин хеле кам кард.Ба иттилои манбаъ, агар соли 2009 дар натиҷаи санҷиш ба маблағи 6,7 млн. сомонӣ камбудиҳои молиявӣ дар «Маркази идораи лоиҳаҳои инвеститсионӣ» ошкор шуда бошанд, соли 2010 зарари молиявии ошкоршуда 18,4 млн. сомониро ташкил дод. Соли 2011 зарари молиявии ошкоршуда дар ин марказ ҳамагӣ 3,4 млн. сомонӣ мебошад, ки он нисбат ба ду сол пеш хеле кам шудааст.Шӯъбаи махсуси Агентӣ санҷиши фаъолияти «Маркази идораи лоиҳаҳои инвеститсионӣ»-ро дар соли ҷорӣ ҳам ба нақша гирифтааст, ки натиҷаи санҷиши аввал дар моҳи июл ва солонаи он моҳи декабри соли 2012 ҷамъбаст мегардад.

Февраль 29, 2012 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд