Фарогирии 500 ҳазор нафар кӯдак дар муассисаҳои маорифи вилоят
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар вилояти Суғд солҳои охир бобати беҳдошти сифати кори таълиму тарбия, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон чораҳо амалӣ гардида, ҷиҳати сохтмону навсозии муассисаҳои таълимӣ, тандурустиву фароғатӣ ва варзишӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки маблағгузорӣ ба ин соҳа сол аз сол зиёд мешавад. Бояд гуфт, ки имрӯз дар миқёси вилоят 2 хонаи кӯдакон, 200 муассисаи томактабӣ, 900 мактаби таҳсилоти умумӣ, 8 мактаби олӣ, 23 омӯзишгоҳи касбию техникӣ, 15 адад хона -парваришгоҳ ва як маркази солимгардонии норасоӣ ва хуқуқи кӯдакон амал менамояд, ки дар онҳо қариб 500 ҳазор нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






