Фавти ду нафар бар асари сӯхтор дар Бохтар
Душанбе, 27 феврал.(АМИТ «Ховар», Назрулло Асозода).- 23 феврал соати 08:50 дақиқа дар манзили шаҳрванд Неъматуллоев Нозим, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Н. Зарифҷони ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон сӯхтор ба амал омадааст. Дар натиҷаи сӯхтор дар масоҳати 43 метри мураббаъ молу ашёи хона сӯхта, ба маблағи 10 500 сомонӣ зарар расидааст. Инчунин кӯдакони ноболиғ Неъматуллоева Оишамо, соли таваллудаш 2008 ва Неъматуллоева Робия, соли таваллудаш 2009 ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия ба ҳалокат расидаанд. Тахмин меравад, ки сабаби сар задани сӯхтор беназоратии дудбарои печ будааст. Гунаҳгори ҳодисаи сӯхтор соҳибхона Неъматуллоева Покизамо (соли таваллудаш 1985, сокини ҳамонҷо, бекор) мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






