Федератсияи футбол бо ВАО ҳамкорӣ мекунад
Душанбе,10 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Имрӯз роҳбарияти ФФТ бо сарварии муовини аввали президенти Федератсия Валерий Турсунов бо кормандони васоити ахбори ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир намуданд. Дар вохӯрӣ намояндаи ширкати ҳолландии «Green Field» (намояндаи FIFA дар майдонсозӣ), ки бо сафари хизматӣ барои омӯхтан ва густурдани майдони сунъии ҳозиразамон дар варзишгоҳи марказии пойтахт ҳузур дорад, иштирок кард. Ба гуфти Турсунов роҳбарияти ба тозаинтихоби Федератсияи футбол омодаанд бо намояндагони васоити ахбор муносибати зич роҳандозӣ намуда, дар татбиқи нақшаву чорабиниҳо ҳамроҳ бошанд. Ба наздикӣ сомонаи ФФТ ба фаъолият шурӯъ мекунад ва Федератсия ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки баъди ба фаъолият шурӯъ кардани Лигаи миллии футбол нашрияи худро ба чоп расонад. Дар навбати худ аз ҷониби рӯзноманигорон пешниҳодҳои муфид ба роҳбарияти ФФТ расонида шуд. Умед ҳаст, ки ин вохӯрӣ ба равнақ ва ташвиқу тарғиби футбол дар оянда мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






