Федератсияи футболи Тоҷикистон: қадамҳои нахустин дар соли 2012
Душанбе, 1 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи ҷумҳурӣ дар аввалин ҷаласаи худ масъалаи омодагӣ ва баргузории чемпионати 21-уми ҷумҳуриро мавриди баҳси роҳбарони дастаҳо қарор дод. Чемпионати навбатӣ 6 апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, дар ду давр гузаронида мешавад. Федератсия кӯшиш мекунад, ки дар он на камтар аз 12 даста ширкат варзад. Нисбат ба солҳои гузашта мутобиқи қарори нави ФФТ ҳаққи узвият аз 45 000 сомонӣ ба 40 000 сомонӣ паст фароварда шуд ва дастаҳо аз супоридани ҳаққи хизмати доварон дар бозиҳо озод карда шуданд. Минбаъд «Лигаи миллии футбол», ки як рӯз пештар таъсис дода шуд, ба рафти чемпионати Тоҷикистон ҷавобгӯй хоҳад буд. ФФТ танҳо ҳунарнамоии дастаҳои мунтахаби футбол ва тайёрии онҳоро ба мусобиқоти байналмилалӣ таъмин мекунад. Ба ҷои мусобиқаи зимистонаи футболбозон барои Ҷоми Рустам Долтабоев ҳамасола мусобиқаи нав бо номи «Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон» амал мекунад ва дастаи ғолиб бо 30 000 сомонӣ, ҷои дуввум 20 000 ва барандаи мақоми сеюм бо 10 000 сомонӣ мукофотонида хоҳад шуд. Ин тадбир дараҷаи бозиҳоро беҳтар хоҳад кард. Тартиби гузаронидани мусобиқа мисли пешина аввал дар минтақаҳо барпо шуда, баъд ғолибони минтақавӣ дар вохӯриҳои ниҳоӣ ширкат хоҳанд кард. Дар ҷаласа ҳамчунин қарори ҳукумати кишвар аз 30 августи соли 2011 дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Аз рафти ҷаласа ба назар расид, ки масъалаи молиявӣ ва пайдо кардани сарпарастон барои дастаҳо чун солҳои пешин душвории зиёд дорад. Ба ин нигох накарда, дастаҳо кӯшиш мекунанд бо дастгирии раёсати тозаинтихоби ФФТ ин масъаларо ҳал намоянд. Инак, ФФТ таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ қадамҳои аввалини худро дар ривоҷ бахшидани футболи тоҷик бо ташкили «Лигаи миллии футболи Тоҷикистон» ва тағйирот дар гузаронидани мусобиқаҳо оғоз кард. Бошад, ки футболи тоҷик ба сатҳи баланди осиёвию ҷаҳонӣ расад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






