Форуми якуми донишҷӯёни тоҷик дар Украина
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Аз 27 то 29 апрел дар шаҳри Харкови Украина форуми якуми донишҷӯёни тоҷик – муҳассилони донишкадаҳои олии Украина баргузор мегардад.Дар робита бо ин сафорати Тоҷикистон дар Украина ба ташкили чорабиниҳо шурӯъ намуда, аз ҷумла, якҷоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимият ва роҳбарияти Донишгоҳи миллии техникии шаҳри Харков Кумитаи тадорукотӣ барои гузаронидани форум таъсис намудааст.Иштирокдорони форум масъалаҳои таълим ва тарзи зиндагии донишҷӯёнро муҳокима менамоянд. Интихоби шӯрои донишҷӯён дар назар аст. Рӯзҳои форум ҳамчунин мусобиқоти варзишӣ ва озмунҳои мусиқӣ баргузор мегарданд.Дар ин бора дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






