Гардиши савдо бо Туркия: содирот аз воридот бартарӣ дорад
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳмет Мунис Дирик баргузор гардид. Аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот Шариф Раҳимзода иштироки фаъоли ширкатҳои туркиро дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ самараи нек арзёбӣ кард. Меҳмет Мунис Дирик дар навбати худ иброз дошт, ки баҳри вусъат додани муносиботи иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бо ҳам дӯст ҳамчун сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард. Мавриди зикр аст, ки ҳиссаи Туркия дар гардиши умумии савдои ҷумҳурӣ дар соли 2011 13,9 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, гардиши умумии савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркия дар соли 2011 ба 619,1 млн. доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 182,3 млн. доллар бештар аст. Содирот нисбат ба воридот 468,7 миллион доллари ИМА зиёдтар гардид ва асосан аз алюминийи аввалия, қисмҳои эҳтиётии василаҳои парвозкунанда, нахи пахта, ришта ва пӯсти хом иборат мебошад. Дар соли 2011 маблағи содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия ба 543,9 миллион доллари ИМА баробар гардид. Воридот асосан аз гӯшти ҳайвони калони шохдор, гӯшти парранда, маҳсулоти қаннодӣ, доруворӣ, қоғаз, қолинҳо, маҳсулоти нассоҷӣ, маргарин ва банан иборат буда, маблағи умумии он дар соли сипаригашта ҳамагӣ 75,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






