Гирифтани иҷозатномаи ВКД ҳатмӣ шуд

Февраль 2, 2012 15:57

Душанбе, 2 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Минбаъд танҳо дар асоси гирифтани иҷозатномаи Вазорати корҳои дохилии кишвар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони хариди яроқи пневматикиро доранд. Дар ин хусус палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷаласаи навбатии худ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи яроқ» иловаҳо ворид намуд. Саид Ҷӯрахонов, муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ гуфт, ки қонуни мазкур таъмини амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ҳимояи шаҳрвандон ва ба низом даровардани қонунгузории кишварро вобаста ба харид, гирифта гаштан, нигоҳ доштани яроқҳои пневматикӣ, хусусан таппончаҳои пневматикӣ аз ҷониби шаҳрвандон дар қаламрави Тоҷикистон ба танзим медарорад.  Тибқи қонуни мазкур шаҳрвандоне, ки ҷои зисти доимӣ надоранд, синнашон ба 18 нарасидааст, гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, дорои нуқсонҳои ҷисмонианд, инчунин шахсоне, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд ё дар ҳолати адои ҷазо қарор доранд, аз ҳуқуқи харидани яроқи пневматикӣ маҳрум буда, ба онҳо иҷозатномаи мақомоти марбутаи корҳои дохилӣ дода намешавад.

Февраль 2, 2012 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад