Гуфтугӯи телефонии вазирони ВКХ Тоҷикистон ва Афғонистон

Февраль 8, 2012 11:02

Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 7 феврал гуфтгугӯи телефонии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон Залмай Расул баргузор гардид.Ҳ.Зарифӣ дар ҷараёни сӯҳбат ба ҳамтои афғонаш барои мусоидат ба озод намудани шаҳрванди Тоҷикистон Яков Тсой, ки дар маҳбаси Афғонистон қарор дошт, изҳори миннатдорӣ кард.Сипас вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар масъалаи омодагӣ ба доир намудани конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистонро, ки бояд 26 – 27 март дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба лоиҳаҳои минтақавӣ бобати ташкили инфрасохтору коммуникатсияҳо баррасӣ шуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Февраль 8, 2012 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад