Гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон доир ба марз
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон доир ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадӣ ба кор оғоз кард. Бино ба хабари департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳайати комиссияи ҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар давоми рӯзҳои 6 -11-уми феврали соли ҷорӣ доир ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадӣ дар асоси шартҳои барои ҳарду ҷониб мувофиқ гуфтушунид менамоянд.Боиси ёдоварист, ки масофаи ҳудуди марзии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон беш аз як ҳазор километрро ташкил медиҳад.То имрӯз ҳамагӣ дар ҳудуди 50 фоиз марзи Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон муайян карда шудааст.Тарафҳо баробари масъалаҳои марзӣ дигар мушкилоти мавҷудаи рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро низ мавриди муҳокима қарор медиҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






