Гумонбаршудагон дастгир шуданд

Февраль 23, 2012 17:19

Душанбе, 23 феврал (АМИТ Ховар», Назрулло Асозода).- Рўзи 2 сентябр Акмал Рашидов ба хонаи яке аз ҳамсинфонаш рафта, дар он ҷо бо ҳамроҳии 5 нафар рафиқаш наворҳои амри маъруф ва маводи тарғиботии Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ)-ро тамошо карда, боз дискҳоро оварда дар хонааш пинҳон мекунад.15 сентябр кормандони Раёсати амнияти миллӣ шаҳрванд Акмал Рашидовро дар вилояти Хатлон боздошт намуданд. Ҳангоми тафтиши хонаи Рашидов 12 адад фитта дарёфт шудааст, ки дар асоси хулосаҳои ташхиси давлатии диншиносӣ, қисме аз онҳо ҳамчун маводи тарғибкунандаи ақидаҳои экстремистӣ эътироф карда мешавад. Акмал Рашидов нисбат ба ин кирдорҳояш бо моддаи 187, қисми 2 ва 307, эзоҳи 3 қисми 2 КҶ ҶТ гумонбар дониста шудааст.Бино ба маълумоти Прокуратураи вилояти Хатлон, сокини дигари ҳамин деҳа Бахтиёр Умаров аз тарафи мақомоти амниятии Покистон боздошт шуда, 3-юми феврал ба Тоҷикистон фиристода шудааст.Ба гуфтаи манбаъ, нисбат ба Бахтиёр Умаров қаблан аз тарафи мақомоти қудратии Тоҷикистон кофтукови ҷиноӣ эълон шуда буд.

Февраль 23, 2012 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт