Гузориши масъулин ба Сарвари давлат

Февраль 22, 2012 11:18

Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз, 21 феврали соли 2012, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ахбори масъулини ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро доир ба оқибатҳои боришоти зиёди барфу борони рӯзҳои охир шунида, ба амалӣ намудани чораҳои саривақтӣ супоришҳои мушаххас дод.Доир ба ҳолати роҳҳои мошингард ва дигар соҳаҳои осебпазир ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон Қоҳир Расулзода ва Ғайбулло Авзал, Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон, Вазири нақлиёт Низом Ҳакимов, Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Хайриддин Абдураҳимов ва раисони ноҳияҳои Айнӣ, Варзоб, Ҷиргатол, Тавилдара, Рашт, Нуробод ва Файзобод ахбор доданд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо доир ба сафарбар намудани нерӯву имконоти иловагӣ, ҳарчи зудтар тоза кардани роҳҳои мошингард аз барфу тарма, кӯмак расондан ба одамони дармонда, таъмини онҳо ба хӯроки гарм, барқарор намудани ҳолати маъмулии шабакаҳои нақлиётӣ, таъмини муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ноҳияҳои баландкӯҳ бо сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ ва ҳамчунин доир ба дастгирии чорводорон барои беталаф аз зимистони тӯлонии имсола баровардани чорво вазифаҳои мушаххас гузошт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои дастгирии мардуми ниёзманди бар асари бориши барфу борони зиёд осебдида аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода карда шавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Февраль 22, 2012 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт