Иқдоми нави Бонки умумиҷаҳонӣ
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Бонки умумиҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи коҳиш додани талафи қувваи барқ дар Тоҷикистон ба таври илова 18 миллион доллар ҷудо мекунад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар доданд.«Бахши энергетика барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аҳамияти бузург дошта, маблағгузории иловагӣ бояд масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистонро ҳал намояд», — гуфт намояндаи доимии Бонки умукмиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Марша Олив.То имрӯз дар чаҳорчӯбаи лоиҳа дар шаҳри Душанбе 170 ҳазор адад ҳисобкунакҳои қувваи барқ насб шуда, дар натиҷаи ин талафи он баробари 50 фоиз коҳиш ёфтааст. Мувофиқи хабари Бонки умумиҷаҳонӣ, маблағҳои иловагӣ барои таҳқиқи стратегӣ ба манзури баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии система ва амнияти энегетикӣ хусусан дар моҳҳои сарди зимистон мавриди истифода қарор мегиранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






