Инкишофи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷопон
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои маркази матбуоти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, миёни раиси ВМКБ ва намояндаи Оҷонсии Чопон оид ба рушди байналмилалӣ ҷаноби Иида Ҷиро «Лоиҳа оид ба рушди деҳот дар минтақаҳои наздисарҳадии вилоят» ба имзо расид. Лоиҳаи мазкур дар ноҳияҳои ба Афғонистон ҳамсарҳади Бадахшон, аз қабили Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Ишкошим ва Шуғнон амалӣ мегардад.Ба иттилои манбаъ, амалишавии лоиҳа аз моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз ёфта, се сол давом мекунад. Лоиҳа аз ҷониби бунёди тоҷикистонии Оғохон бо маблағи тақрибан 2,8 млн. доллари амрикоӣ, ки аз тарафи Оҷонсии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ ҷудо мегардад, ба иҷро расонида мешавад. Ба ҳамин монанд як лоиҳаи дигар айни замон дар вилояти Бадахшони Афғонистон бо маблағи 4,2 млн. доллари амрикоӣ аз ҷониби Оҷонсии Ҷопон мавриди иҷро қарор дорад.Бояд ёдовар шуд, ки Оҷонсии Ҷопон аз соли 1991 то имрӯз ба Тоҷикистон 140 млн. доллари амрикоӣ маблағи грантӣ ва ба маблағи 41 млн. доллар кӯмаки техникӣ расонидааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






