Интиқоди Вазир аз профессоршавандаҳо
Душанбе, 29 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳуҷҷатҳои 8 нафар барои гирифтани унвонҳои профессорӣ ва дотсентӣ, ки ба ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ пешниҳод гардида буданд, маъқул дониста шуд. Нуриддин Саидов, вазири маорифи ҷумҳурӣ доир ба мазмуну мӯҳтавои рисолаҳои илмии солҳои охир дифоъгардида ибрози назар намуда гуфт, ки баъзе мавзӯъҳо, ки барои таҳқиқоти илмӣ интихоб мешаванд, дар аслдорои аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ нестанд. Чунончи баъзан даҳҳо рисолаи илмӣ роҷеъ ба эҷодиёти олимону адибон рӯи кор меоянд, аммо бисёр мавзӯю проблемаҳои ҳалталаб, ки нигарони пажӯҳиш, ки ҷомеаи мо ба онҳо ниёз доранд, аз назари пажӯҳишгарон дур мемонад. Ҳадаф аз кори илмӣ натанҳо ба даст овардани унвону дараҷаи илмист, балки донишмандони моро лозим аст, ки бештар ба мавзӯъҳои муҳиме, ки ниёз ба омӯзишу таҳқиқ доранд, рӯй оранд. Сиддиқ Муборак, котиби матбуоти Вазорати маориф иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа ҳамчунин гузориши масъулон доир ба вазъи сифати таълиму тарбия дар мактабҳои якҷоя (комплектӣ)-и ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Варзоб, фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва хоҷагидориву иқтисодии филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе баррасӣ ва сохтори нави Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф тасдиқ шуданд. Инчунин 15 дастури таълимиву методӣ ва китобҳои дарсӣ бо қарори мушовара ба чоп пешниҳод гардида, як қатор низомномаву дастурамалҳои соҳавӣ тасдиқ гардиданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






