Интишори китоби Президент Эмомалӣ Раҳмон дар Миср
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар шаҳри Қоҳираи Миср нашри дуюми китоби сеҷилдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони арабӣ ба табъ расид. Китобро олимони Миср – профессори донишгоҳ Айн Шамс, доктор Макарим ал – Ғамрӣ ва профессори Донишгоҳи Қоҳира доктор Абдулваҳоб Аллуба таҳти таҳрири умумии Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назрулло Назар ба забони арабӣ тарҷума кардаанд.Тарҷумаю нашри асари сеҷилдаи Президент Эмомалӣ Раҳмон ба забони арабӣ барои шинос намудани мардуми ҷаҳони араб бо таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон аҳамияти хоса дорад. Қобили зикр аст, ки ин китоб бори аввал соли 2009 бо тиражи 15000 нусха аз чоп баромада буд. Маросими муаррифии китоб дар ҳошияи ҳамоиши 15 — уми давлатҳои аъзои ҷунбиши ҳамроҳнашавӣ дар шаҳри Шарм ул – Шайх бо иштироки Сарвари Тоҷикистон Э.Раҳмон сурат гирифта буд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






