Иштироки Николай Бордюжа дар Конфронси Муоҳидаи Парижӣ
Маскав, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 16 феврал Муншии умумии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа дар Конфронси сеюми Муоҳидаи Парижӣ дар шаҳри Вена иштирок менамояд. Дар ҷараёни конфронс ҳамкории байналмилалӣ ва тадбирҳо ҷиҳати ҷилавгирии қочоқи маводи нашъаовар аз қаламрави Афғонистон, Эрон, Покистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Туркия ва мамлакатҳои Балкан мавриди муҳокима қарор мегиранд.Бо назардошти ҷиддияти ин проблема масъалаҳои афзун намудани самарабахшии фаъолияти зидди қочоқи маводи нашъаовар таҳти назорати доимии СААД қарор доранд. Аз соли 2003 инҷониб таҳти васояти СААД амалиёти байналмилалии «Роҳ» рӯи кор оварда мешавад, ки дар он дар баробари давлатҳои аъзои СААД мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси беш аз 20 кишвар аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо иштирок менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






