Истеҳсоли маҳсулот бо рамзҳои наврӯзӣ
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).– Корхонаҳои саноатии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз истеҳсоли маҳсулотро бо рамзҳои Наврӯзӣ роҳандозӣ мекунанд. КВД «Зари Кӯлоб», КФ заргарии «Данғара», ҶДММ «Тоҷик Кристал», ҶДМ «Гранит», КД «Востокредмет» аз ҷумлаи он корхонаҳоеанд, ки барои харидорони худ маҳсулоти заргарӣ, гӯшворҳову гарданбандҳо, ангуштариву дастпонаҳои миллӣ, армуғонҳо, қуфли гарданбанд ва дигар перояҳо тайёр мекунанд. Корхонаҳои ҶДМ «Рухом» ва КВД «Ҷамаст» сангҳои ороишии рӯимизӣ, дарахтони сангӣ, тасбеҳҳо, мӯҳраҳо гарданбандҳо, қандилҳо ва дигар маҳсулоти армуғониро бо рамзи наврӯзӣ пешкаши миҷозон хоҳанд кард. Дар арафаи иди Наврӯз соҳаи саноати сабук ва ҳунарҳои бадеию халқӣ, аз ҷумла корхонаҳои ҶММ «Атласи Хуҷанд» ҶММ «Дилором», ҶММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶММ «Ёқутиён», ҶММ «Зинат», ҶММ «Садранги Кӯлоб» маҳсулоти идона истеҳсол менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки корхонаи ҶММ «Атласи Хуҷанд» бештар аз 15 намуди атлас истеҳсол менамояд ва 4 намуди он «Ганҷина», «Идона», «Шодиёна» ва «Истиқлол» матоъҳои ҷашнӣ буда, барои модарону бонувони тоҷик тӯҳфаҳои хубу арзанда аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






