Иттиҳоди Аврупо омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон сафир Эдуард Ауэр баргузор гардид. Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар рафти мулоқот сафири Аврупо қайд намуд: «Мо омодаем, ки ҳамкориҳоро дар самти татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок баҳри рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона созем». Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва раванди ислоҳоти иқтисодиро дар ҷумҳурӣ баррасӣ намуда, атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои марбут ба рушди робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкори судманд намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






