Кӯмак ба сохтмончиёни нақби Шаҳристон

Февраль 25, 2012 12:09

Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Табошар ва ноҳияи Мастчоҳ ба нақби Шаҳристон рафта, ба сохтмончиёни нақб маводи ғизоӣ, аз қабили 500 кг орд, 300 кг гӯшт, 400 килограммӣ сабзӣ, пиёз ва картошка, 100 килограммӣ биринҷу макарон ва 80 кг равғани растанӣ дастовез бурданд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки то имрӯз нақби нақлиётӣ 5115 метр, ҳаводиҳанда 5194 метр канда шуда, боз кандани нақби нақлиётӣ ба андозаи 138 метр ва ҳаводиҳӣ 95 метр боқӣ мондааст.Бояд гуфт, ки дар ҳарду қисмати нақби Шаҳристон 310 нафар нақбканони тоҷику чинӣ пурмаҳсул фаъолият мебаранд, то дар мӯҳлати муқарраршуда ин иншооти барои хоҷагии халқ муҳимро ба истифода супоранд.

Февраль 25, 2012 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд